Новая литература Кыргызстана

Кыргызстандын жаңы адабияты

Посвящается памяти Чынгыза Торекуловича Айтматова
Крупнейшая электронная библиотека произведений отечественных авторов
Представлены произведения, созданные за годы независимости

Главная / Литература на языках народа Кыргызстана, Асарҳо ба забони тоҷикӣ / Литературный конкурс "Золотая табуретка"
© Фарангиз Зейналова. Ҳаммаи ҳуқуқҳо ҳимоя гардида аст.
Асар соли 2009 дар озмуни ташкил намудаи “Сандалии Тиллоӣ” — и клуби адабии Донишгоҳи Амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ, “Ваҳдати маркази ижтимоӣ” ва китобхонаи электронии “Адабиёти нави Қирғизистон” пешниҳод шуда аст.
Мувофиқи шартҳои озмун, кумитаи ташкилӣ барои чоп иҷозат дода аст.
Нусхабардорӣ, матнҳоро аз нав чоп кардан ё ин, ки пораҳои асарро бо мақсади тижорат кор фармудан манъ карда шуда аст.
Санаи ба сайт жойгиркунонидан: 1 августи соли 2009.

Фарангиз ЗЕЙНАЛОВА

Мо ҳама меваҳои як дарахтем

Ҳикоя дар озмуни эҷодкорони ҷавонони Қирғизистон, ки соли 2009 гузаронида шуда, тақдим гардида аст. Ҳакамон интихоб намудаанд. Дар ин ҳикоя муаллиф дар бораи ваҳдати олами инсони навишта, дар бораи зарурият ва муҳим будани ин мавзўъ хонандагонро гўшрас мекунад. Таъкиди муаллиф дар он аст, ки ҳамма мардуми олам роҷеъ ба ин масъала битавонанд андеша ва тафаккур ронанд. Муаллиф чунин суол мегузорад: Чаро инсонҳо аз ҳам дурӣ меҷўянд? Ҳамдигарро таҳқир мекунанд ва намояндагони дигар миллатҳоро қабул намекунанд. Вақте инсонҳо дар бораи оғози пайдоиши инсон ва дар бораи моҳияти аслии хеш маълумоти кофӣ пайдо мекунанд, дар охир ба натиҷае мерасанд, ки решаи ҳамаи инсонҳо якест. Онҳо муталлиқ ба мисли як оила ва авлод қабул мегарданд. Иллати ҷудоӣ ва парокандагӣ дар таассуб, тарс, шак ва нобоварӣ ба ҳамдигар мебошад. Дар ҳикоя ҳодисае нақл карда мешавад, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар шаҳри Душанбе анҷом мегирад.Вақте ки ҷанг шурўъ шуд, бо худ гуруснагӣ, эҳтиёҷ ва масоили зиёди иҷтимоиро ба миён овард. Азобу уқубат, бадбахтӣ одамонро ба ҳам наздик намуд. Фазилатҳои инсоният, боҳиссӣ, ҳамдардӣ, шафақат ва кўмаки ҳамаҷониба барои қалбҳои ҷароҳатдида малҳам ва доруи мисли тиббӣ буд. Дар охири ҳикоя муаллиф дар бораи чӣ тавр ба зудӣ ба ҷанг нуқта гузоштан ва оғози ҳаёти солим, ором ва пур аз ҳадаф менависад. Дар ин ҷанба мақоми ҳукумати Тоҷикистони кунуниро чун як намунаи беҳтарин дар миқёси олам: масъалаи ҷангро ба сулҳ иваз намудан таъриф менамояд. Ва арзиши ҷумҳурии Қирғизистонро чун як мамлакати дўст, ҳамкор, ғамхор ва сермиллат, ки ҳамма имкони рушди фарҳанги аслии хешро ҳифз ва густариш мебахшанд, хосса медонад.

Дар китоби: Много языков — один мир. Маҷмўаи адабӣ. Бишкек: 2009. — 184 с. чоп гардида аст.

УДК 82831
    ББК 84 (2) 7
    М 73
    ISBN 978— 9967-25-482-4
    М 4702000000-09

 

Инсон беҳтарин мавҷуд ва неъмати Офаридгор аст. Ҳар як инсон мекӯшад, иллати офариниши худро пайдо намояд. Дар ин роҳ талош меварзад дониш, биниш ва назари худро ба олам ва асрори он густариш мебахшад. Дар ин партав инсон сабру тоқат пеша мекунад, пайваста мекӯшад то ҷавҳари аслии зоти инсонии худро пайдо намояд.

Аз замоне, ки нахустин инсонхо дар рӯи Замин арзи вуҷуд намуданд ва ба тадриҷ шуур, заковат, назари ақлӣ ва камолоти маънавиашон сайқал пайдо намуд, ҳазорҳо солҳо сипарӣ гардиданд. Ҳар давру замон барои инсон иттиллоот ва дониши заруриро боқӣ гузоштааст. Инсон мафҳуми конинот, табиат, ҷомеа ва асрори муносибатҳои башарро дарк намуд ва роҳи ихтилофу ҷадалҳоро пешгирӣ намуд. Ҳамеша дар роҳи инсон ду роҳе буд: сулҳ ва ҷанг. Сулҳ бо оштӣ, ақли солим ҳал мегардид ва ҷанг натиҷаи худхоҳӣ ва нотавонии иддаи кӯрдилон будааст. Ҷанг ба сари инсон бисёр бадбахтиҳо ва балоҳоро овардааст. Аммо, натиҷаи ҷанг, ки хунрезист, боиси аз байн рафтани ҷони афроди зиёд гардидааст, инчунин боиси хонахаробии мардум ва аз байн рафтани шаҳру деҳот ва ғайра. Барои афроде, ки дар дил ҳисси бадбинӣ ва эҳсоси ҷангхоҳӣ мепарваронанд, дарси ибрат нагардидааст.

Аммо ба ҷуз ҷангу ҷидол, қитол, ҳамдигарнофаҳмию ихтилофот, зиндагӣ паҳлӯҳои зебое дорад, ки метавон дар бораи онҳо бисёр гуфт, шунид ва донист. Масалан, рангорангии олам, дунёи инсон, тобишҳои мухталифи ҷаҳони коинот! Ҳамаи инҳо асрорангезу дилнишинанд. Танҳо, агар қалбамонро аз бастагиҳои дунёи моддӣ покиза намоем ва бо чашми хирад ва зебобинӣ ба олам бингарем, мебинем, ки чӣ андоза мо дар оғӯши олами афсонаҳо умр ба сар мебарем. Ҳамон тур, ки бунёдгузори адабиёти форсу тоҷик Абу Абдуллои Рӯдакӣ фармудааст:

Ин ҷахонро нигар бо чашми хирад, 
    Не бад-он чашме, ки андар ӯ нигарӣ.

Табиист, ки дар олам ҳама чиз дар шакли рангоранг, гуногун ва серпаҳлӯ офарида шудааст. Гулҳои рангоранги бӯстон аз рӯи шаклу бӯяшон аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Халқу миллатҳои гуногуне, ки дар минтақаҳои гуногуни олам зиндагӣ мекунанд, низ аз рӯи ранги пӯсташон, забонашон, фарҳанг, табъу салиқа, тарбияташон аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Набояд ин гуногунӣ дар байни инсонҳо боиси нафрат, ҳисси бадбинӣ ва ҷангу ҷидол гардад. Баръакс ҳамон тур, ки агар дар бӯстоне, ки мо дар боло қайд намудем, агар танҳо гулҳои якранги сафед ё танҳо сурх бикорем, зиёд ҷолиб ба назар намоён намегарданд. Баръакс, агар дар бӯстону гулзорамон гулҳои рангоранги сурху сафед, зарду гулобӣ, қаҳваию сабз ва ғайра бирӯянд, боиси ҳайрати чашми мо мегарданд. Ҳамин тавр дар рӯи замин зистани одамон бо нажодҳои гуногун боиси хушҳолӣ ва зебоии зиндагӣ хоҳанд гашт. Аз рӯи андешаҳои мутафаккирони бузурги ҷаҳон ҳамаи инсонҳоро бояд мисли хоҳару бародар, хешу ақрабо қабул кард. Агар мо он эҳсосе, ки нисбати наздиконамон дорем ва ба ҳамаи одамони дунё таҷриба намоем, метавонем аз ин тангназарӣ берун равем. Дар он ҳолат фарқ байни худӣ ва бегона, хешу дур намегузорем. Чун ҳамаи инсонҳо аз рӯи офариниш аз як мард — Одам ва аз як Зан — Момоҳаво падид омадаанд. Пас мантиқан хулоса менамоем, ки мо ҳама одамони дунё, мисли як оила ҳастем. Бояд бикӯшем, ки ҳамаро дӯст дошта ва эҳтиром намоем.

Равоншиносони бузурги олам моро таъкид менамоянд, ки «Ҳар як инсоне, ки худро эҳтиром мекунад, метавонад дигаронро низ эҳтиром намояд. Оне, ки худро дӯст медорад, метавонад дигаронро низ дӯст дорад». Мо албатта, ба ин андешаҳо розӣ ҳастем. Чун ҳамаи рафтори шоиста ва арзандаи мо, аз тарбияи хуби ахлоқӣ, маънавӣ вобаста аст. Ҳар чӣ бештар моро волидайн, муаллимони мактаб ва устодони донишгоҳ бо донишхои маънавӣ, ахлоқи ва илмӣ сарфароз гардонанд, ҳамон андоза ҷавҳар, истеъдод ва тавоноиҳои мо равнақ пайдо мекунанд. Ифшо гардидани ҳар як истеъдод боиси шукуфоии ҳар чӣ бештари ҷомеа мегардад.

Кӯдакии ман то синни дувоздаҳсолагӣ дар шаҳри Душанбе, ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштааст. Айёми туфулияти ман хеле зебо ва рангин оғоз гардида буд. Аммо замоне, ки ман ҳафтсола будам, дар ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ гардид. Мо, кӯдакон, бо чашми сарамон дидем, ки ҷанг чӣ ваҳшате будааст. Ҳазорон мардум нобуд гардиданд. Хушбахтона бо кӯшишу талоши ҳамаҷонибаи ҳукумати Тоҷикистон, ин ҷанг аз байн бурда шуд. Дар кишвари азизи мо, сулҳу салоҳ, дӯстиву рафоқат дубора барқарор гардид.

Аз он рӯзҳои мудҳиши ҷангӣ мо хотироти зиёде дорем, танҳо воқеае аз он рӯзҳои мудҳиш дар мағзи ман нақши амиқ гузоштааст: мо дар микрорайони 92 зиндагӣ мекардем. Дар он рӯзҳо зане бо шаш фарзандаш аз деҳаи дурдасте кӯчида омад. Мо дар ӯамсоягӣ зиндагӣ мекардем ва бо оилаи мо онҳо хеле зуд унс гирифтанд. Онҳо хонаеро бо роҳе иҷора гирифта, махориҷашро бо азоби зиёд анҷом медоданд. Дар хонаи ду утоқа ба чуз чандто кӯрпаву болишт ва чизу чораи пӯшиданӣ, анвои дигаре набуд. Зан аз субҳ то шом дар бозор хариду фурӯш мекард ва фарзандонаш бо як духтари сездаҳсола дар хона танҳо мемонданд. Духтари бузургӣ ба бародарону хоҳарони хурдӣ нигоҳубин мекард ва хӯроки содае омода карда, бо таъбири зиёд шиками бачагонро сер мекард. Духтар калони Гулнора ном дошт ва ҳамеша метарсид, ки хоҳару бародаронаш мабодо гурусна намонанд ва худо накарда модарашон бемор нагардад. Аъзоёни оилаи мо: модарам, ва ду хоҳаронам мекӯшидем, ки аз рӯи имкон ба онҳо кӯмаки моддӣ ва маънавӣ расонем.

Рӯзе хоҳари хурдии Гулнора, ки ҳамаги яксола буд, бемории сирояткунанда шуд. Табаш хеле баланд гардида, шикамаш исҳол пайдо карда буд. Инчунин хӯрдагиашро қайд мекард. Зуд-зуд баданаш сахт меларзид. Имконе надоштем, ки модарашро аз бозор пайдо намоем. Чун дар хиёбону кӯчаҳои гирду атроф садои баланди тирпарронии дурударози гурӯҳҳои гуногуни мухолифин ба гӯш мерасид. Табиист, ки дар бораи ҳеҷ гуна кӯмаки таъҷилии тиббӣ ҳатто фикр ҳам карда наметавонистем. Пас аз чаҳор панҷ соат садои хоҳараки хурдии Гулнора билкул гирифта буд, рангаш парида, чашмонаш нимпӯш, беҳолу бемадор шуда буд. Ман пайваста модарамро ҷустучӯ мекардам устоди донишгоҳ буд. Пас аз чандин борҳо ба кафедраву деканатҳои гуногуни донишгоҳ занг задан, билохира ба модарам хабар дода буданд, ки мо ӯро ҷустуҷӯ мекунем. Модарам бо садои пур аз ташвишу изтироб ба хона занг зад ва филҳол пурсид:

— Ҳа, духтарони азизам, чӣ шуд, тинҷӣ аст!?

Ба модар зуд фаҳмонидем, ки дар хонаи мо ҳама сиҳату саломат ҳастем ва оромист. Қазияи ҳодисаи духтари ҳамсояро фаҳмонидем. Ва хоҳиш намудем, ки роҳи наҷоти хохари Гулнораро ӯ пайдо намояд. Модар гуфт:

— Хотирҷамъ бошед, зуд духтуреро пайдо карда меоварам.

Аз байн се-чаҳор соат гузашт, аз модари мо ҳам хабаре набуд. Мо медонистем, ки модарамон як зани меҳрубону мушфиқ аст. Ӯ ҳамеша ба бачагони ятиму гадо кӯмак мерасонад, гоҳо онҳоро ба хона оварда баданашонро аз чирку чанг покиза мекард, барояшон либос мехарид ва шикамашонро сер мекард. Дер кардани модар ба дили мо хавотирӣ ва эҳсоси ташвиши зиёдро ҷой кард.

Модари Гулнора ҳам наомад. Акнун ташвиши мо се хоҳарон бештар гашта буд. Модари ӯ ва модари мо ҳам нестанд. Ранги Гулнора аз тарс канда буд. Додари бемораш чашмонашро билкул пӯшида буд ва нафасгириаш хам душвортар гардида буд. Хоҳари бузургии ман — Фариштамоҳ, ки як духтари доно ва зирак буд, ҳамаги сездаҳсола буд. Ӯ пешниход кард, ки ба ҳамсояхо хабар бидиҳем. Ба мо: ду хоҳараш ва Гулнора пешниҳоди Фариштамоҳ маъқул афтод ва пешниҳод кардем, ки ба сӯроғи момо Назокат меравем. Момо Назокат дар шаҳраки 92 ҳамчун зани табиби мардумӣ овоза пайдо карда буд. Вақте дари ӯро кӯфтем, момои Назокат дарро зуд боз кард ва бо табассуми ҳалимона ба сӯи мо нигоҳ карда гуфт:

— Ҳа, духтарони ширини ман, меҳмони омаден, биёен ба хона бидроен!

Ман зуд-зуд, бо садои баланд ба ӯ фаҳмонидам, ки агар имконаш ҳаст хар чӣ зудтар бо мо биёяд,чун хоҳараки Гулнора шояд аз байн биравад. Ман суханамро то охир нарасонида, момои Назокат ҷомаи дарози сабзрангашро пӯшид, ба сараш рӯймоли сафедашро баста гуфт:

— Пеш дароен!

Он рӯз момои Назокат, аввал назди кӯдаки бемор нишаста, дуои шифоро хонд. Сипас ба бадани кӯдак спирту ҳар гуна гиёҳҳоеро дар об ҷӯшонида молид, пӯчоқи анорро ҷӯшонида бо асал омехта карда, ба даҳони кӯдаки нимҷон рехт. Кӯдак намехост оби талхи анорро фурӯ барад. Садои беҷонаш базӯр ба гӯш мерасид. Момои Назокат ӯро маҷбур мекард, Пас аз як соат таби кӯдак паст шуд ва чашмонашро кушод. Дар ин муддат момои Назокат аз мағоза биринҷу ҳар гуна анвои хӯрока харида оварда буд. Шӯрбои биринҷобаро омода карда буд. Момо Назокат ба мастоба чирғот омехта карда, ба кӯдак хӯронд. Иштиҳои додари Гулнора баланд гардида буд, хӯрокро бо майл мехӯрд. Аз сару рӯяш арақ мешориданд. Момои Назокат бо меҳр гуфт:

— Гир хӯр, бачаме, ҳа маро да ту бикуша, писари пахлавонум! Ҳоло ту калон шав, як писари меҳрубон, ғамхор, ёбанда, қаҳрамони миллати тоҷик мегардӣ!

Аз таъсири суханҳои момои Назокат дар дили мо кӯдакон умеди зиндагӣ ғунча баст. Мо эҳсос кардем, ки як рӯзе ин ҳама ҷангу харобӣ ба охир мерасад. Писараки ҳамсоя ҳам сиҳат шуда, қаҳрамони замон мегардад. Аз чашмони ҳамаи мо ашк рехт, ҳама ба сӯи ҳамдигар нигаристем ва бо нимнигоҳи маънидорона ба сӯи хам табассум кардем. Ҳолати аҷибе доштем: ашки шодӣ мерехтем ва ба ҳам табассуми умедбахш мекардем!

Бегоҳ модарам аз кор бо хотири парешон баргашт. Зуд сӯроғи писарчаи ҳамсояро кард. Мо ба ӯ фахмонидем, ки душворӣ паси сар гардид. Модарам бо дард нақл кард, ки яке аз рӯзноманигарони машҳури ҷумҳурӣ бо кадом сабаби номаълум кушта шудааст. Бинобар ин ӯ дер карда буд. Чун бо рӯзноманигор ошноӣ хуб буданд.Ба хонаи ӯ бо гурӯҳи устодони донишгоҳ барои таъзия рафтанд. Модар ашк рехта гуфт:

Бачаи хурдиаш холо ду моҳа дар гаҳвора монд. Мо се духтарон ҳамаги ӯро ба оғуш гирифтем ва ашк рехтем.

Модар хоҳиш кард, ки ба хонаи Гулнора равем ва аз холи бачагон хабар гирем. Оё модарашон аз бозор баргаштааст ё на. Ман бо хоҳари дуввумиам – Мавзуна зуд ба сӯи хонаи онҳо рафтем. Гулнора бо ашки шашқатор хабар дод, ки аз модараш ҳоло ҳам хабаре нест. Ӯ гуфт:

— Яке ба модарам чизе шуда бошад, чӣ мекунем.

Ман гуфтам:

— Хавотир нашав, одамои хуб зиёданд, аввал бубинем, чӣ шудааст?

Модарам пас аз шунидани хабари нопадид шудани модари Гулнора ба хамсояҳо хабар дод. Ҳамаги машварат намуданд, ки якҷо даҳ-понздаҳ занон ба бозор рафта, хабар гиранд. Соат аз даҳи шаб гузашта буд. Гарчанд дер шуда буд, хафву хатар зиёд буд. Чун дар он рӯзҳои мудҳиш дар торикӣ гаштан ба ҷони ҳар як нафар хатаре дошт. Чӣ чора осмон баланду замин сахт буд. Бояд занон хабаре аз модари Гулнора пайдо мекарданд. Ҳама, модарон, барои чустуҷӯи модари Гулнора рафтанд. Мо фарзандон дар хонаҳои худ ором менишастем. Хомӯшии сангин фазои хонаи моро пахш карда буд.

Хоҳари калонӣ — Фариштамоҳ гуфт:

— Худо ҳамеша вақте ба ӯ бо нияти кӯмак муроҷиат мекунӣ, хайр ва кӯмак мерасонад. Қарор шуд, ки ҳама духтарони ҳамсоя ҷамъ шавем ва дуо хонем. Духтарони ҳамсоя ва худи Гулнора бо додару хоҳарчаҳояш ба хонаи мо омаданд. Фариштамоҳ китоби муқаддаси Қуръонро аз шкафи китоби модарам берун овард. Ӯ китобро эҳтиромона боз кард ва шурӯъ кард ба хондани сура. Ӯ ба забони арабӣ хеле равон мехонд. Мо аз хондаҳои ӯ чизе намефаҳмидем. Лекин садои форам ва оҳанги дилнишини гуфтори ӯ моро ба олами маънавиёт ворид карда буд. Оромиш ва эҳсоси умед ва орзу моро ба зиндагии солим бедор мекард. Пас аз хониши Фариштамоҳ мо то дер дар дар зери таъсири дуои хондаи хоҳарам мондем. Мо акнун фикр мекардем, худованд садои мо кӯдаконро шунид. Ва ҳатман ба Гулнора дар пайдо кардани модараш кӯмак мерасонад.

Модари мо аз дар ворид шуд. Ҳама ба сӯи у тохтем. Мо се духтаронаш ӯро сахт ба оғуш гирифтем. Аз чеҳраи хастаи зораш бӯсидем. Модарам ҳам моро бо майл мебӯсид ва сари моро бо меҳр навозиш мекард. Модарам хабар дод, ки имрӯз модари Гулнора бемор шудааст ва дар беморхонаи Қараболо бурданд. Он ҷо хоб аст. Модарам гуфт, ки фардо субҳ ҳама меравем ва аз ҳоли ӯ хабар мегирем. Гулнора бо садои баланд ба гиря даромад. Ӯ мегуфт, ки дар хона хӯроки хӯрдани нест, чӣ тур хоҳару бародаронашро мехӯронаду мепӯшонад. Модарам сари ӯро сила кард ва гуфт:

Кас бояд, ки ҳаросон нашавад,
    Мушкиле нест, ки осон нашавад.

Аз ҳамон рӯз инҷониб оилаи мо парастории хонаводаи Гулнораиноро ба ӯхда гирифт. Албатта, ҳамсояҳои дигари низ ба онҳо бо хӯроку зиндагиашон кӯмак мекарданд. Аммо, аз рӯи кадом як қонуни ахлоқӣ хоҳ нохоҳ шаш фарзандони оилаи Гулнораино узви хонаводаи мо шуданд. Ташвиши модарам зиёд шуда буд. Чун аҳволи модари Гулнора дар беморхона бадтар мешуд, ки беҳтар на. Духтурон низ умеди хурд ҳам намедоданд. Чун гурдаи модари Гулнора дар хунукиҳои фасли зимистон аз байн рафта буд. Барои ҷарроҳӣ ҳеҷ яке аз дӯстон пуле надошт, ки ӯро наҷот диҳанд. Танҳо ҳаволаашро ба худо супорида будем. Гулнора аз тарс қад-қад меларзид. Зуд-зуд гиря мекард. Шаб то дер хобаш намебурд. Бисёрии шабҳо шаш фарзандон дар хонаи мо хӯрок мехӯрданд ва хонаи мо мехобиданд. Мо се фарзандон, бо моҳонаи модарам ва бо фурӯши китобҳои шеърии ӯ зиндагии миёнаҳол доштем, ҳоло шароитамон тангтару душвортар шуда буд. Чун модарам барои табобати модари Гулнора, хурду хӯрока ва пӯшокаи нӯҳ фарзанд талош меварзид. Ӯ ҳеҷ гоҳ дилтангӣ ва норозигӣ нишон намедод. Ҳамеша сарбаланд ва рӯҳбаланд буд. Ва шабҳо нишаста китоби шеърии худро идома медод. Гоҳо аз шеърхои эҷод намудааш барои мо қироат мекард. Мехост зудтар китобашро ба анҷом расонад ва чоп карда, аз пули китоб, мо – фарзанданро таъмин намояд.

Ман аз Гулнора рӯзе пурсидам, ки падари онҳо дар куҷо аст. Ӯ фаҳмонд, ки чаҳор фарзанд аз шавҳари аввали модараш аст, ки панҷ сол инҷониб ба Руссия рафтааст, аз ӯ ҳеҷ хабаре нест. Падари ду фарзанди охир дар ҷанги шаҳрвандӣ кушта шудааст. Хуллас, хешу ақрабо, ки дар ноҳияи дурдасти кӯҳистон зиндагӣ мекунанд, маълум нест, ки дар чӣ вазъ қарор дошта бошанд.

Ҳамон сол модари Гулнора дар беморхона чанд муддате хобиду ба хонааш баргашт. Мо ҳама хушҳол будем, ки билохира ӯ ба сари бачагонаш сиҳату саломат баргашт. Аммо аз чеҳраи пажмурдаи сап-сафед кандааш маълум буд, ки холи хуше надорад. Зуд-зуд дарди гурда ӯро азоб медод. Дар ин ҳолатҳо Гулнора ба сӯи модарам тозон меомад. Модарам зуд ба хонаи онҳо мерафт, доруҳои аз дард харида меовард, дугонааш пизишки меҳрубон— профессорро хоҳиш карда, ба назди бемор меовард. Аммо пас аз се моҳи пур аз азобу уқубат модари Гулнора аз олам гузашт.

Ҳама ҳамсоягон, хосса модарам бо дарду алам ӯро ба хок супориданд. Акнун кори модарам душвортар гардида буд. Бояд тақдири шаш фарзандонро ҳал мекардем. Чун модари мушфиқи ман мехост, ки дар ду утоқи хонаи хурди худ тамоми кӯдакони ятими оламро ҷой дода, парасторӣ намояд. Аммо, хости ӯ аз имконаш берун буд. Се сол аз дусар бо кӯмаки бештари мо ва ҳамсоягон Гулнора ва бародару хоҳаронашро ҳам кӯмаки моддӣ ва маънавӣ намудем. Пас аз се сол синни Гулнора ба хаждах расид ва домоде пайдо шуд. Ӯ ба шавҳар баромад. Се фарзандои хурдӣ ба хонаи хешу ақрабо фиристода шуданд. Боқимонда бачагон пахлӯи Гулнора монданд.

Солҳои зиёде аз он рӯзҳои душвору мудҳиш сипарӣ шуданд. Мо бо амри тақдир ва шароити зиндагӣ ба шаҳри Бешкеки Қирғизистон кӯчида омадем. Шаҳри Бешкек назари маро ба олам, одам ва зиндагӣ боз амиқтар боз намуд. Дар ин шаҳр мардуми миллатҳои гуногун зиндагӣ мекунанд. Хосса аз кишварҳои хориҷӣ ба ин шаҳр омада коргоҳҳои гуногуни саноатӣ, тиҷоратӣ, маданӣ ва маънавии худро боз менамоянд. Ҳамин тавр иртибот ва алоқамандии мо мардуми зиёди дунё дар ин ҷо кавитару зичтар гардид.

Ҳамаи хулосаи ман аз дунё, аз одамон маро имрӯз ба ин хулоса овард, ки ҷангҳои байни ҳамдигарии мо аз кам донистан ва аз кам арзиш додан ба мафҳуми дӯстист. Дӯстӣ ва рафоқат беҳтарин неъматест, ки моро шахсият мебахшад. Боиси пешрафти ҷомеа ва худи инсонҳо мегардонад.

Мо ба хубӣ дар мисоли таҷрибаи ҷумҳурии Қирғизистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ мебинем,ки майл ва хоҳиши, сиёсат ва фарҳанги худро тобишу ранги ҳампайвастӣ, ба моҳияти ваҳдати олами инсонӣ наздиктар месозанд. Мо, ҳама, инсонҳои рӯи замин метавонем дӯсту рафиқ бимонем, агар бидонем, ки мисли меваҳои як дарахтем ва шохҳои як дарахтем. Набояд аз ҳамдигар дурӣ ҷӯем ва сарҳадҳои фикрӣ ва заминиамонро ба рӯи ҳамдигар бибандем. Иртиботҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва инсони ҷомеаи башари инсониро гул-гул мешукуфонад.

Дар чунин ҷомеаи умумии башари инсонӣ метавонанд ҳама дар ғами ҳамдигар бошанд, барои пешрафт ва шукуфоии қобилият ва истеъдодҳои ҳамдигар саҳмгузор бошанд.

 

© Фарангиз Зейналова. Ҳаммаи ҳуқуқҳо ҳимоя гардида аст

 

(Ба ҳафт забони мардумони Қирғизистон) ворид намудани матни пурраи маҷмўаи адабӣ

 


Количество просмотров: 2806